Часть полного текста документа: ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДОНИШГОХИ ТЕХНИКИИ ТОЧИКИСТОН БА НОМИ М. С. ОСИМЙ КАФЕДРАИ "ФАНХОИ ГУМАНИТАРЙ" РЕФЕРАТ Мавзуъ: "Точикон дар асрхои XVI - XVIII" Муаллими калони кафедра Чумаев Б. Донишчуи курси I Факултаи энергетикй гурухи "6547А" Умаров Нозим Душанбе - 2003 Наќшаи кор: 1. Мовароунањри асрњои XVI - XVIII 2. Љангу низоъњои феодалї дар асри XVI 3. Тољикон дар асрњои XVI - XVIII ТОЉИКОН ДАР АСРЊОИ XVI - XVIII Дар асрњои XVI - XVIII ўзбекњои бодиянишин бо сардории Муњаммад Шайбонињои Мовароуннањри Марказї ва андаке баъдтар тамоми ќисмати боќимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ - Шайбонї машњур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонандаи Чингизхон буд. Боби ў, Абулхайрхон, дар асри XVI давлати пуриќтидори бодияви ташкил намуд. Ќавму тоифањои туркзабони муттањидкардаи ў аз аслу насабњои гуногун иборат буданд. Онњо дар пањноњои бекарони дашту сањрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, њаёт ба сар мебурданд. Душмани ашадии Темуриён дар ќисмати шимоли мамлакат моѓулњо ба шумор мерафтанд, ки Тошкентро маркази худ ихтиро карда буданд. Ваќте ки волии Бухоро бо ќўшуни худ ба тарафи Самарќанд равона шуд, Шайбонихон аз муњосира бархоста, ба муќобили ў шитофт ва дар роњ ин ќувваи аскариро торумор намуда, ба сўи Бухорои заифгардида њаракат кард. Аз муњосира њатто се рўз нагузашта аъёну ашроф ва рўњониён шањрро ба ў таслим намуданд. Гурўње саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна Султон Алиро тарафдорї мекарданд, гурўњи дигар хешовандони вай - Бобурро ба Самарќанд даъват намуда, таслими шањрро ба ў ваъда медоданд. Акнун њарифи асосии Шайбонихон шањзодаи љавони темурї, асосгузори ояндаи давлати Темуриёни Њинд Бобур гардид. Бобур барои кўмак ба њокимони гуногун мурољиат намуд, вале имдоде нарасид. Сокинони шањр, сарбозон ва њатто наздикони Бобур ба ќањтї ва гуруснагї тоб наёварда, ба њар сў фирор мекарданд. Нињоят худи Бобур њам роњи гурезро пеш гирифт, шањри пойтахтии Самарќанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани аќибгоњи худ чорањои лозими дида, пас ба истилои мулкњои љанубии Темуриён камар баст. Дере нагузашта, Хоразм њам аз тарафи ќўшуни Шайбониён ишѓол карда шуд. Љињати иќтисодии ин мулкњои инъомї аз он иборат буд, ки мадохилот на ба хазинаи Шайбонихон, балки тамоман ё ќисман ба дасти мулкдорон шањру вилоятхо медаромад. Ба ин мулоњиза онњо ба харидани замин, иморатњои шањр ва устохонањо сар карданд. Бинобари ин аксар ваќт моли љабраи ситонидаи худро њамчун моли харида ба расмият медаровардан. Дар сарзамини пањновари давлати Шайбониён чанд сол сулњу осоиш њукумфармо гардид ва ин восита њаёти хољагии мамлакат ќадре рў ба бењбудї нињод. Ду давлати Шайбониён ва Сафавиён дар њамсоягии якдигар воќеъ гардиданд. Вале дар байни онњо сулњу сафо асаре набуд. Шайбонихон дар ќаламрави худ ба муќобили шиањо мубориза мебурд. Дере нагузашта Шайбониён њамаи вилоятњои Осиёи Миёна Тошкент, Фарѓона, Њисор ва ѓайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. ............
|